Даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – рӯшноии маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъ ва инноватсия»
Аз 17 то 19 ноябри соли 2021, дар Маркази таълимии минтақавии мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» барои солҳои 2020–2040, марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Илм — манбаи дониш» дар номинатсияи «Ихтироот ва инноватсия» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории озмун ин рушд додани тафаккури техникии ҷавонон, васеъ кардани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба технологияҳо, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав буд. Дар озмун дастгоҳҳо, таҷҳизот, техника ва технологияҳои гуногун, навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳо, буттаҳо ва доруҳо пешниҳод шуданд.
Ғолибони даври вилоятӣ ва душанбегии озмун бо ихтироот ва пешниҳоди худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Дар маросими ифтитоҳи озмун Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок карданд. Дар номинатсияҳои гуногун хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муҳаққиқон, аспирантону докторантон, омӯзгорон, муҳандисон ва дизайнерҳо ширкат варзиданд.
Дар ин озмун кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии АМИТ (АХБРЯБ АМИТ) ихтирооти худро — «Технологияи тозакунии обҳои партов ва техникӣ аз уран» пешниҳод намуда, ба аҳли нишаст бартариҳои ин технологияро муаррифӣ намуданд.